Дар рӯзҳои истироҳат дар ҷануби Тоҷикистон ду ҳодисаи фоҷеабори марги кӯдакон сабт шуд. Дар ин бора КҲФ Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, рӯзи шанбеи 25-уми май як духтари 12-сола аз деҳаи Қизилсӯи ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҳангоми кӯмак ба падараш барои чаронидани чорво дар чарогоҳи кӯҳӣ дар пайи омадани сел ба ҳалокат расид.
Ҷасади ӯро аз сел дар деҳаи Лангари ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон пайдо кардаанд.
Рӯзи якшанбеи 26-уми май дар ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон як духтари 6-сола дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуд, ки дар маркази вилоят дар хонаи хешовандонаш беназорат монда буд.
“Пас аз гирифтани маълумот дар бораи ҳодиса гурӯҳи наҷотбахшони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд. Корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ оғоз шуданд, аммо то охири рӯз натиҷае надоданд. Имрӯз, 27-уми май, корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шуданд”, - омадааст дар иттилоияи КҲФ.
Кумита бори дигар ба падару модарон муроҷиат мекунад, ки фарзандони худро нигоҳубин кунанд ва онҳоро беназорат нагузоранд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои истироҳат дар аксар манотиқи кишвар борону жола борид.
Дар ҳамин ҳол, кормандони КҲФ бо истифода аз 105 мушаки зидди жолаи навъи “Алазан” дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Кӯшониён ва Балхӣ 28 ҳолати хатарнокро бартараф карданд.
КҲФ гуфт, ин имкон дод, ки даҳҳо гектар заминҳои кишти кишоварзӣ аз хатари нобудь ва зарар наҷот дода шаванд.
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
"Боим" дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст. Ӯ кист?
Дар Шуғнон як мошин ба дарё чапа шудааст. КҲФ ҷасади ронандаро меҷӯяд
Ашёи муҳим барои саноати ҳарбӣ. Тоҷикистон дар истеҳсоли сурма метавонад пешсаф шавад
Файзи Олӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум шудааст
Як вакили рус дар поинравии қурби рубл муҳоҷиронро айбдор кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста