Отабек Мадраҳимов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскави Русия ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият доштааст, дар яке аз шоҳроҳҳои ин шаҳр сӯхтори мошинеро хомӯш кардааст. Ҳодиса ду рӯз пеш, 24-уми апрел рух додааст.
Дар навори аз ҷойи ҳодиса нашршуда дида мешавад, ки Отабек Мадраҳимов бо мошини обкаши худ дар миёни раҳ меистад ва оташи мошини алангагирифтаро хомӯш мекунад. Чанд қадам дуртар аз мошини оташгирифта кормандони хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ҳам ҳузур доранд ва барои оташхомӯшкунӣ омода мешаванд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, ки бо ин ҷавони тоҷик сӯҳбат кардааст, менависад, ки Отабек Мадраҳимов корманди хоҷагии комуналии ноҳиявии “Хорошёво Мневники” буда, муваққатан дар шаҳри Маскав фаъолият менамояд.
Ин ниҳод бо истинод ба нақли Отабек Мадраҳимов навиштааст, ки ӯ “бо гумони он, ки дар дохили нақлиёт эҳтимол одамон қарор доранд, новобаста аз он, ки хатари ба амал омадани таркиш вуҷуд дошт, ҷасорат нишон дода, фидокорона оташро хомӯш намуд”.
Худи Отабек Мадраҳимов гуфтааст, ки “қарзи шаҳрвандии худро ба ҷо овардам. Гумон кардам, ки дар дохили нақлиёт касе ҳаст. Мо тоҷикон ҳамеша дар ҳолатҳои ногувор ба ҳама дасти ёрӣ дароз мекунем”.
Намояндагӣ ба Отабек Мадраҳимов барои ҷасорату матонаташ изҳори миннатдорӣ намуда, рафтори ҷавонмардонаи ӯро намунаи олии ибрат номидааст.
Аммо дар бораи ин қаҳрамонии шаҳрванди Тоҷикистон расонаҳои Русия хабар надодаанд.
Бояд гуфт, расонаҳои Русия, ки бештар ба таблиғот пардохтаанд, дар аксар ҳолат аз кӯчактарин қоидавайронкунии шаҳрвандини Тоҷикистон ва дар умум, кишварҳои Осиёи Марказӣ бидуни риояи меъёрҳои рӯзноманигорӣ, аз ҷумла риояи тавозун ва асли бароат иттилоъ медиҳанд, аммо аз инъикоси рафтори хуби онҳо худдорӣ менамоянд.




Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста