Зарари заминларзаи рӯзи 13-уми апрели соли равон дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дар маҷмӯъ, беш аз 17,78 миллион сомонӣ ($1,66 млн) ҳисоб шудааст, хабар доданд ба "Азия-Плюс" аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ).

Аз ин ниҳод гуфтанд, зарар дар ноҳияи Рашт 9 миллиону 209 ҳазору 200 сомонӣ ва дар ноҳияи Тоҷикобод 7 миллиону 769 ҳазору 100 сомониро ташкил додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар маҷмуъ 1 ҳазору 331 оила, ҳамагӣ 5639 нафар зарар дидаанд.

Дар пайи заминҷунбӣ дар ин ду ноҳия, 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман вайрон шуда, 321 хонаи дигар зарари сабук дидаанд. Ҳамчунин, 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфтааст.

Дар ноҳияи Рашт 34 хона хароб шуда, 116 хона қисман ва 134 хона осеби сабук дидаанд. Илова бар ин, 59 бинои ёрирасон, 9 бинои мактаб, 6 хонаи фарҳангт, 1,2 километр роҳ, 1,62 километр хатти барқ, 1,7 километр хати обрасонии оби нушокӣ, инчунин 4 объекти кишоварзӣ зарар диданд.

Дар ноҳияи Тоҷикобод 33 хона хароб шуда, 164 хона қисман ва 187 хона каме осеб дидаанд. Ҳамчунин 87 бинои ёрирасон, 3 мактаб, 1 маркази фароғатӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 1 беморхонаи ноҳиявӣ, 4 километр роҳ, 1 пул, 2,9 километр хатти барқ ​​ва 20,7 километр каналҳои обёрӣ осеб диданд.

Ҳоло дар минтақаҳои осебдида корҳои барқарорсозӣ идома доранд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13 апрел соати 9:24 дар шимолу шарқи Тоҷикистон заминларзаи шадид рух дод. Дар натиҷа кӯдаки сесола ба ҳалокат расида, чанд нафар ҷароҳат бардоштаанд. Маркази заминларза дар 160-километрии Душанбе, дар минтақаи Рашт воқеъ будааст. Дар он ҷо қувваи заминларза ба 5-6 балл, дар Душанбе ҳудуди 3 балл эҳсос шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки ҳарчӣ зудтар хонаҳои нав дар ҷои амн барои хонаводаҳои бесарпаноҳ бо риояи тамоми меъёрҳои сохтмони ба заминларза тобовар то 1-уми ноябри соли равон сохта шаванд.

Гузориши “Азия-Плюс”-ро аз ҷои ҳодиса дар ин пайванд хонед, ки сокинони Рашт ва Тоҷикобод пас аз заминларза чӣ аҳвол доранд.

Рафтаи сохтмони хонаҳои аз заминларза осебдида
Акс аз Asia-Plus

 

Қариб 200 офати табиӣ аз аввали сол

Тибқи иттилои КҲФ аз 1-уми январ то  25-уми майи соли 2025 дар Тоҷикистон 195 офати табиӣ ва фавқулода ба қайд гирифта шудааст:

– 71 ҳолати омадани сел;

– 51 ҳолати фаромадани тарма;

– 19 сангреза;

– 15 заминларза;

– 4 ярч;

- 3 ҳолати обхезӣӣ.

Бар асари шаш ҳодиса шаш шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 52 нафар наҷот дода шуданд.

Дар ҳамин давраи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 465 офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 11 нафар фавтида, 16 нафар наҷот ёфтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.