Фарзонаи Шариф, модари Хусрав Одинаев, навраси 15-солаи зодаи шаҳри Турсунзода, ки гуфта мешавад, дар пайи шиканҷаи падараш ҷон дод, бори аввал тариқи телефонӣ аз шаҳри Душанбе бо “Азия-Плюс” суҳбат ва ҷузъиёти ҳодисаи ба сари писараш омадаро нақл кард.

Модари Хусрав Одинаев фарзияи “дар наздаш латукӯб шудани фарзандаш” ва аз сӯйи падар дар таҳхона маҳкам кардани ӯро рад кард, аммо тасдиқ намуд, ки писараш “вақтҳои охир беадаб шуда буд”.

Марги Хусрав Одинаев аз дасти падараш дар даҳ рӯзи пеш ҷомеаро такон дод. Ин ҳодиса пас аз нашри наворе расонаӣ гардид. Дар он навор, ки зоҳиран аз сӯйи Парвиз Одинаев, падари Хусрав Одинаев сабт шудааст, дида мешавад, ки мард аз писараш тасдиқи дуздии 600 сомониро тақозо карда, бо ишораи нос кашидан ва дуздиаш ӯро таҳдид мекард.

Баъдтар, Вазорати корҳои дохилӣ бо нашри иттилое гуфт, рӯзи 26-уми июл мард фарзанди ноболиғи 15-солаашро барои дуздии 800 сомонӣ дар моҳи май ва 600 сомонии дигар дар аввали моҳи июл гунаҳкор дониста, барои ошкор ва иқрор намудан аз пойи писараш бо банд баста бо мошин кашола кардааст.

“Наврас дар натиҷа ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар манзили истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВКД.

Коллажи "Asia-Plus"

Фарзонаи Шариф ҳам тасдиқ мекунад, ки фарзанди ҷавонмаргаш аз сӯйи падар дар “адир шиканҷа шудааст” ва вақте ӯро ба хона овардааст, “танҳо хуррок мекашид ва ба ҳоли худ буд”.

“Он гапҳое, ки гӯё Хусрав дар таҳхона маҳкам карда шуда буд, дурӯғ аст. Падараш ӯро соати 13 овард. Бачам аллакай тамом карда буд ва ҷон дод”, - гуфт Фарзонаи Шариф.

Қаблан як манбаъ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки Хусрав пас аз шиканҷа як шабонарӯз дар таҳхона маҳкам буд ва падараш ба модари ӯ иҷоза надод, ки аз ҳолаш хабар гирад.

Нуктаи дигаре, ки Фарзонаи Шариф ишора мекунад, ба тарбияи фарзандаш рабт дорад. Қаблан мақомот гуфта буд, ки падараш Хусравро бо баҳонаи дуздӣ ва носкашӣ шиканҷа кардааст. Ин суханҳоро модари Хусрав ҳам тасдиқ мекунад ва мегӯяд, ки “давоми 6 моҳи охир писараш воқеан беодоб шуда буд”.

“Як маротиба 500 сомониро гирифт, ки худам бозпас гирифтам. Маротибаи дуюм 600 сомониро гирифт, аммо иқрор нашуд, ки гирифтааст. Носкашиашро худам дида будам. Ростӣ, ғам медод вақтҳои охир”, - гуфт Фарзонаи Шариф.

Ба нақли ин модар, Хусрав давоми шаш моҳи охир аз мактаб хориҷ шуда, оинаи мошина як нафарро шикастааст ва боз аз куҷои дигар маблағ дуздидааст, ки ин ҳама падарашро асабонӣ кардааст.

“Ҳамин бори охир ҳам, ки гум шуд, аз хонаи хоҳарам дар Душанбе пайдо кардем. Ва падараш болои қаҳр ӯро ба адир бурда, шиканҷа кардааст”, - илова намуд Фарзонаи Шариф.

Ӯ ҳамчунин, фарзияи дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншударо, ки гӯё “ҷасади Хусравро волидон пинҳонӣ ба ноҳияи Темурмалик барои дафн мебурданд” низ рад карда, зикр кард, ки ҷасади писарашро аз хона ба беморхона бурданд ва худи ӯро ба шуъбаи милитсия.

“Ҷасади писарамро ба беморхона бурда, ташхиси додгоҳӣ карданд ва баъд барои гӯронидан иҷозат доданд. Ҷасади писарамро амакаш ба ноҳияи Темурмалик бурд”, - мегӯяд ин зан.

Худи ӯ бошад, пас аз бозпурсӣ дар шӯъбаи милитсия, субҳи рӯзи дигар ба ноҳияи Темурмалик расидааст ва дар ҷанозаи писараш иштирок кардааст.

Фарзонаи Шариф мегӯяд, “ин суханҳое, ки гӯё мо бетараф будем ғалат аст. Мо - волидон намехостем, ки чунин шавад, мехостем ӯро дуруст тарбия кунем ва роҳи бад баргардонем. Кадом падару модар мехоҳад, ки писараш бадрафтор шавад? Аммо ин тақдир будааст...”.

Ҳоло қазияи марги Хусрав аз дасти падар дар ҷомеа маҳкум мешавад ва теъдоде аз мақомоти кишвар талаб доранд, ки Парвиз Одинаев ҷозои сазовор дода шавад.

ВКД гуфт, ин мард боздошт ва нисбаташ бо қисми 3-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ” парванда боз шудааст. Ин  банди қонунгузорӣ аз 12 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар бораи Парвиз Одинаев ва ҷузъиёти ин ҳодиса дар матлаби “Аз носкашиву арақнӯшиаш шикоят мекард”. Пайвандони наврасе, ки дар пайи шиканҷаи падараш ҷон дод, бархе ҷузъиёти ҳодисаро гуфтанд” маълумоти пештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.