“Ҳамла”-и ОМОН-и Русия ба консерти Ҷалолиддин Аҳмадалиев, овозхони шинохтаи ӯзбекистонӣ дар Красноярск ва қатъи он, санҷиши ҳуҷҷатҳои садҳо тамошобин ва интиқоли даҳҳо тан ба боздоштгоҳ, ки ахиран навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, чун як шеваи нави боздоштҳои таҳқиромези мақомоти Русия талаққӣ шуд. Ҳуқуқшинос мегӯяд, ин кирдори мақомоти Русия нақзи қонун ва поймол кардани ҳарими шахсӣ аст.
Тафсилоти ҳодиса
Дар наворе, ки аз ҷониби ХФА-и Русия нашр шудааст, дида мешавад, ки даҳҳо корманди дастаи таъйиноти махсус ба толори тӯйхона ворид шуда, онро қатъ ва ҳуҷҷатҳои ҳамаро тафтиш мекунанд, бархеро қатор карда, дастҳояшонро бар рӯйи китфи якдигарашон гузошта, аз толор берун мебаранд.
Бар асоси маълумоти хабаргузории русии “ТАСС”, ин рейд дар толори зиёфати “Корона”-и рустои Солонтси ноҳияи Емеляновскийи кишвари Красноярск гузаронида шудааст. Дар ин амалиёт кормандони Сарраёсати вилоятии Вазорати умури дохилӣ, Хадамоти федералии амният (ФСБ) ва воҳидҳои вижаи Гвардияи Русия иштирок доштанд.
Мақомоти Русия дар баёноташон иброз доштанд, ки мақсади рейд муайян кардани шаҳрвандони хориҷие буд, ки ғайриқонунӣ ба кишвар ворид шудаанд, инчунин ошкор кардани афроде, ки дар қочоқи маводи мухаддир даст доранд.
Аммо зимни тафтиш ягон ашё ё моддаҳои манъшуда ёфт нашудаст.
Дар натиҷаи ин рейд 26 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба идораи полис бурда шудаанд. Тафтишот нишон додааст, ки 8 нафари онҳо дар Русия ғайриқонунӣ иқомат доштаанд. Тақдири боздоштшудагон то ҳол маълум нест.

Консерти овозхони ӯзбек будааст
Расонаҳои ӯзбекистонӣ хабар медиҳанд, ки ин рейд дар толоре гузаронида шудааст, ки овозхони шинохтаи ӯзбек Ҷалолиддин Аҳмадалиев он ҷо консерт баргузор мекард.
Хабаргузории Qalampir.uz менависад, дар ин консерт қариб 620 меҳмон ширкат доштаанд, ки 210 тани онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ будаанд. Ҳуҷҷатҳои ҳамаи ҳозирон аз ҷониби кормандони мақомот тафтиш шудааст.

Дар пайи ин рейд, мақомоти Русия барои нақзи қоидаҳои муҳоҷират 19 парвандаи маъмурӣ боз кардаанд.
Илова бар ин, бар асоси моддаи 322, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Русия (бақайдгирии ғайриқонунии шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд) 3 парвандаи ҷониятӣ боз шудааст.
Маълум нест, ки ин 22 парванда ба шаҳрвандони кадом кишвар ифтитоҳ шудааст. Аз рӯи ин ҳодисаҳо корҳои тафтишотӣ идома дорад.
“Зидди қонун аст”
Шӯҳрат Латифӣ, ҳуқуқшинос ва коршиноси масоили муҳоҷират, дар бораи ин “рейд” ба “Азия-Плюс” гуфт, мақомоти Русия дар доираи Қонуни федералии №115-ФЗ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ” ҳақ доранд санҷиш гузаронанд, аммо бояд дар чунин амалҳо меъёри қонунгузориро риоят кунанд.
Ба гуфтаи Латифӣ, санҷиш бояд асоснок, ҳадафманд ва дар доираи қонун бошад. Ӯ таъкид мекунад, ки вуруд ба маъракаи хусусӣ бе санадҳои расмии иҷозат ё “ордер” метавонад нақзи ҳуқуқи дахолатнопазирии ҳаёти шахсӣ бошад, ки дар моддаҳои 23 ва 25 Конститутсияи Русия муайян шудааст.

Коршинос мушкилотро дар он мебинад, ки маъракаҳои шодӣ ва консертҳо, ҳатто агар дар ҷойҳои ҷамъиятӣ баргузор шаванд, ҳарами хусусӣ бо даъвати шахсӣ ҳисоб мешаванд. Бинобар ин, вуруд бе иҷозат, бо камера ва боздошт метавонад ҳамчун таҷовуз ба ҳаёти шахсӣ ва таҳқири шаъну шараф арзёбӣ шавад.
Латифӣ инчунин изҳори нигаронӣ мекунад, ки агар рейд бе огоҳӣ, бе далелҳои мушаххас ва бо ҳадафи таҳқир ё тарсонидан сурат гирифта бошад, ин метавонад нақзи якчанд принсипҳои асосии ҳуқуқи инсон бошад. Аз ҷумла, нақзи ҳуқуқи озодии ҷамъомад (моддаи 31-и Конститутсияи Русия), нақзи ҳуқуқи дахолатнопазирии шахсӣ ва обрӯ (моддаи 21-и Конститутсияи Русия) ва нақзи ҳуқуқи баробарӣ (моддаи 19-и Конститутсияи Русия) аст.
Масъалаи дигаре, ки коршинос ба он ишора мекунад, нашри навор аз ҷониби ХФА-и Русия ва паҳн кардани он дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Ӯ таъкид мекунад, ки агар ин амал бе розигии шахсони дар наворбуда анҷом дода шуда бошад, он метавонад нақзи ҳуқуқи шахсӣ ва ахлоқи касбӣ бошад.
“Чунин амалҳо метавонанд тарс, тамғагузорӣ ва тафриқаи иҷтимоӣ ба бор оранд, ки зидди принсипҳои ҳуқуқи инсон аст”, - таъкид мекунад коршинос.

Рейд кори маъмулии мақомоти Русия шудааст
Гузаронидани рейдҳо дар Русия дар як соли охир хеле зиёд шудааст. Мақомоти ин кишвар бо шеваҳои гуногун ба муҳоҷирон фишор меоранд, аз рейдҳо дар кӯча то тафтиши ҷойҳои истиқомат ва корхонаҳо. Ин рейдҳо одатан дар қолаби амалиётҳои “боздоштани муҳоҷирони ғайриқонунӣ” ва дар аксар ҳолат таҳқиромез гузаронида мешаванд.
Аммо рейд дар консерт шеваи нав аст, ки нигаронии муҳоҷиронро ба бор овардааст. Ин амал нишондиҳандаи густариши доираи рейдҳост ва аз ҷониби коршиносон вайрон кардани марзҳои байни ҳаёти шахсӣ ва назорати давлатӣ аз сӯйи мақомоти Русия унвон мешавад.

Дар беш аз як соли охир махсусан, баъди ҳамла ба “Крокуси Сити Ҳол”, муҳоҷирситезӣ ва санҷишу амалиёт зидди муҳоҷирон дар Русия авҷ гирифтааст. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.
Аз ҷумла, субҳи 18-уми сентябр дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН)-и Русия ба як хобгоҳи муҳоҷирон дар Маскав ворид шуда, “қариб 500 муҳоҷир”, аз ҷумла тоҷиконро боздошт ва санадҳои онҳоро тафтиш кардааст.
Дар пайи ин мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Аммо, тавре мушоҳида мешавад, то ба ҳол муваффақ нашудаанд.




Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста