Душанбе. 14-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни баргузории санҷиши фаъолияти молиявии Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Заря Востока»-и шаҳри Табошар аз ҷониби кормандони агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди вилоят як қатор қонуншиканиҳои андоз ошкор гардидааст.
Ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, ки дар рӯйпӯш кардани пардохтҳо ба андози давлатӣ директори генералӣ Абдураҳим Расулов ва сармуҳосиби корхона Нормуҳаммад Умаров гумонбар дониста мешаванд.
«Роҳбарони корхона тавассути тақаллубкории санадҳо ба буҷаи давлатӣ ба маблағи 555,5 ҳазор сомонӣ хисорот ворид сохтаанд», - изҳор дошт манбаъ.
«Бо вуҷуди он ки маблағи хисорот пурра баргардонида шуда бошад ҳам, агентӣ бобати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб кардани вакили маҷлиси шаҳри Табошар, директори генералии КВД «Заря Востока» Абдуаҳим Расулов ба додситони виояти Суғд муроҷиат кардааст», - афзуд сарчашма.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста