Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми дирӯз кормандони раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зимни баргузории чорабиниҳои фавриву ҷустуҷӯӣ дар бозори «Дӯстӣ»-и пойтахт миқдори зиёди маводи сахттаъсири ҳероинро мусодира карданд.
Сардори дафтари матбуоти вазорат Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сокини 39-солаи деҳаи Хирманҷои ноҳияи Шӯрообод Х.Д. ба гумони даст доштан дар нигоҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуд.
«Ҳангоми азназаргузаронии борхалтаи сафарии ӯ ба миқдори 14,5 кило маводи ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд, - изҳор дошт манбаъ. - Тибқи хулосаи ташхисгарон маводи дарёфтшуда ҳероини сифати баланд мебошад».
Нашъаҷаллоб ба ҳабс гирифта шуда, нисбати аъмоли ӯ парвандаи ҷиноӣ боз гардид.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста