Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Душанбе як корманди милиса кушта шуд. Субҳи 19-уми октябр сержанти милисаи шӯъбаи Хадамоти
давлатии посдории шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои пойтахт Одина Давлатов ҳадафи тири қотил қарор гирифт. Ҷинояткор ба сари милиса тир холӣ кардааст.
Сардори маркази матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳодиса дар давоми соатҳои аз 5 то 7-и субҳ рух додааст.
«Қотил ба бинои шӯъбаи бонк ворид гардида, аслиҳаи хидматии милисаро мегирад ва бо он ба пешонии О.Давлатов тир холӣ мекунад, ки бар асари он милиса дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад», - гуфт ӯ.
Аз шарҳи ҷузъиёти дигари ҳодиса худдорӣ карда шуд. Тафтиши ҳодисаи ба қатл расонидани сержанти милиса ба зиммаи гурӯҳи фавриву тафтишотӣ таҳти сарварии муовини вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Шариф Назаров вогузор гашт.



Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста