Душанбе. 23-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Вазири умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов дар кори ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки имрӯз дар шаҳри Сочи ифтитоҳ мегардад, иштирок мекунад.
Аз маркази матбуоти вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иштирокдорони ҷаласа масоили андешидани чораҳои муштарак бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ, тақвияти мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ ва нақшаи амалиёти муштарак дар мубориза бо дигар ҷиноятҳои муташаккилро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Зикр гардид, ки дар кори ҷаласа ба ҷуз вазирони умури дохилӣ, ҳамчунин ҳайатҳои Кумитаи иҷроияи ИДМ, Маркази зиддитеррористии иттиҳод, Дафтари ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ низ ширкат хоҳанд варзид. Дар ҷаласа ба имзо расидани як қатор асноди байнулмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар назар аст.
Манбаъ афзуд, ки 24-уми октябр дар доираи чорабиниҳои ҷаласаи шӯро тамринҳои махсуси байнулмилалӣ оид ба андешидани чораҳо ҳангоми амалҳои террористӣ дар иншооти варзишӣ баргузор мешавад, ки дар он беш аз 180 корманди воҳидҳои махсуси Вазоратҳои умури дохилии Русия ва Белорус иштирок хоҳанд кард.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста