Душанбе. 24-уми октябр. - Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) тасмим гирифта шуд, ки мақоми раисӣ дар шӯро ба дӯши вазири умури дохилии Русия Рашид Нургалиев вогузор гардад.
Тибқи иттилои хабаргузории ИТАР-ТАСС, қаблан ба ҳайси раиси шӯро вазири умури хориҷии Гурҷистон ифои вазифа мекард, вале таври маълум, ин кишвар аз ҳайати ИДМ хориҷ шуд.
Хабар дода мешавад, ки дар ҷаласа вазирони умури дохилии Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина ба масоили тиҷорати ғайриқонунии автомобилҳо дар қаламрави кишварҳо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карданд. «Иштирокдорони ҷаласа оид ба андешидани чораҳо ва баргузории амалиёти муштарак ҷиҳати дарёфту қатъ сохтани роҳу воситаҳои интиқоли автомобили дуздидашуда тавассути марзҳо, пайгирӣ намудани маблағҳои аз ин тиҷорати ғайриқонунӣ бадастомада ва табодули маълумот дар бораи гурӯҳҳои ҷинояткор дар ин самт тавофуқ ҳосил карданд», - иттилоъ медиҳад хабаргузорӣ.
Тибқи маълумоти Интерпол, то 40 дарсади автомобилҳои дуздидашуда аз Аврупои Ғарбӣ дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ фурӯхта мешавад. Дар давоми солҳои 2005-2007 танҳо дар Русия беш аз 2 ҳазор адад автомобилҳое, ки дар кишварҳои дигар дуздида шуда буданд, ошкор гаштанд.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста