Душанбе. 29-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи душанбе, 27-уми октябр, дар як додгоҳи Лондон, пойтахти Бритониё, боз як мурофиаи додгоҳ ӣ миёни Корхонаи оҳиди давлатии «Ширкати алюминсозии То ҷ икистон» (Талко) ва Аваз Назаров, раҳбари ширкати "Ансол" ва Абдуқодир Эрматов, мудири собиқи корхонаи алюминсозии Регар, шур ӯ ъ шуд. КВД «Талко» Назаров ва Эрматовро дар сирқати наздики ним миллиард доллар пули корхона муттаҳам мекунад. Аз ҳаққи КВД «Талко» дар додгоҳҳои Бритониё ширкати ҳуқуқии "Ҳерберт Смиф" дифоъ мекунад ва бар асоси хабарҳои нашршуда, ҷ ониби То ҷ икистон то кунун ба ин ширкати бритониё ӣ беш аз 100 миллион доллар ҳаққи хидмат пардохт кардааст.

Аммо Эрматов ва Назаров иттиҳомоти алайҳи онҳо эълоншударо радд мекунанд. Аваз Назаров, ба навбаи худ, раҳбарони КВД «Талко»-ро дар ҷ абран берун кардани ӯ ву ширкаташ аз ти ҷ орати алюминиуми тавлиди корхона муттаҳам мекунад ва дар ин замина ба додгоҳи Бритониё шикоят низ бурдааст.

Ширкати "Ансол"   то поёни соли 2004 таъминкунандаи асосии гилхок(глинозем) - ашёи хом барои тавлиди алюминиум - барои корхонаи алюминсозии То ҷ икистон буд. Аммо дар пайи табдили раҳбарияти корхона Назаров низ тарки То ҷ икистон кард ва, бино ба хабарҳо, дар ҳоли ҳозир, дар Бритониё ба сар мебарад.

КВД «Талко» бузургтарин корхонаи саноатии То ҷ икистон маҳсуб шуда, солона беш аз 400 000 тонна алюминиуми аввалия тавлид ва умдатан ба хори ҷ содир мекунад. Бахши аъзами содироти То ҷ икистон аз ҳисоби фур ӯ ши тавлидоти ҳамин корхона ба даст меояд.