Душанбе. 9-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзҳои 9-10-уми декабр дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон, ки таҳияи тоза ва мувофиқасозии лоиҳаи Созишнома оид ба табодули маълумот дар мубориза бо ҷинояткории кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ӯҳда доштанд, баргузор шуд. Дар ҷаласаи кумита доир ба лоиҳаи мазкур тавофуқ ҳосил шуд.
Тавре корманди масъули хадамоти матбуотии кумита Мария Гутсало ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар созишнома мақомоти дахлдори кишварҳо ӯҳдадор шуданд, ки ҷиҳати пешгирӣ, ошкорсозӣ, ҷилавгирӣ кардан ва тафтишоти амалҳои ҷинояткорӣ ба ҳамдигар маълумоти зарурии мавҷударо таври ройгон пешниҳод хоҳанд кард.
Ба қавли ӯ, ҳамчунин роҳандозии табодули таҷриба оид ба коргузории идмиву техникӣ ва таҳияи асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ низ дар назар аст. «Роҳандозии ҳамкориҳо оид ба табодули таҷриба ва пешниҳоди маълумот тибқи қонунгузории мавҷудаи кишварҳо ва ӯҳдадориҳои байнулмилалии онҳо дар ин самт сурат хоҳад гирифт», - афзуд М.Гутсало.



Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста