Душанбе. 17-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз, соати 5.30 дақиқа бо хатсайри ҳавоии рақами 628 – Маскав-Душанбе ҷасади дар Маскав бераҳмона қатлгардидаи муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов ба Душанбе оварда шуд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» бародари марҳум Вазир Азизов изҳор дошт, ки дар Маскав онҳоро бовар кунонидаанд, ки ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқоти дақиқи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор хоҳад гирифт. «Аз шаш бародарон дар оила мо – панҷ нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштем», - гуфт ӯ. Ҷасади Салоҳиддин Азизов дар зодгоҳаш – ноҳияи Шаҳритӯс ба хок супорида хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, Салоҳиддин Азизови 20-сола, ки дар як амбори меваҷот дар вилояти Маскав ҳаммолӣ мекард, шаби 5 ба 6 декабр дар роҳи бозгашт аз ҷойи кор дар ҷангалзори атрофи шаҳраки Жабкинои вилояти Маскав ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ қарор гирифтанд. Хешовандони Азизов баъди чанде, аз ҷойи ҳодиса танҳо ҷасади бесари ӯро пайдо мекунанд. Сари буридаи мақтул, баъди чанд рӯз аз як қуттии ахлот дар наздикии идораи ҳукумати як минтақаи шаҳри Маскав кашф гардид. Масъулияти ҳамла ба Азизовро, аъзои гурӯҳи ба ном «Созмони ҷангии миллатгароёни рус» ба   д ӯ ш гирифта, ин кушторро рамзи муборизаи худ алайҳи ишғоли Русия аз с ӯ и мардуми ғайр маънидод кардаанд.

Дар таърихи 12-уми декабр Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар мавриди қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон дар наздикии шаҳри Маскав ба ваколатдори муваққатии корҳои Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний нотаи эътирозӣ супурд.             Дар санад перомуни афзоиши тамоили сӯиқасд ба ҷони муҳоҷирони тоҷик, ки муваққатан дар қаламрави Русия қарор доранд, изҳори нигаронӣ карда шудааст.           Дар нота вазорати умури хориҷӣ таъкид сохтааст, ки ҳодисаҳои мазкур бештар дар заминаҳои ксенофобия, бадбинии нажодӣ ва миллатгароӣ сурат мегиранд. «Дар нота қайд шудааст, ки тамоили таҳаммулнопазирӣ ҳарчи бештар дар шаклҳои бераҳмона зоҳир гашта, унсурҳои ҷинояткор муҳоҷирон ва донишҷӯёнро латукӯб менамоянд, ки дар аксари маврид ҷабрдидагон ба ҳалокат мерасанд», - гуфта шудааст дар изҳорот.

Кафили сафири Русия дар Тоҷикистон Вячеслав Светличний дирӯз бо паҳн намудани як иттилоияи расмӣ гуфтааст, ҷиноятҳое, ки дар Русия дар заминаи адовати қавмӣ содир мешаванд, натанҳо боиси қаҳру ғазаби тоҷикистониён, балки ҷомеъаи Русия низ мегардад. «Мо аз кушта шудани шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов дар вилояти Маскав сахт хашмгин ва хиҷил шудем», - гуфт Светличний ва афзуд, ки Сафорати Русия ин ҷиноятро шадидан маҳкум намуда, онро фитнае барои барангехтани адовати қавмӣ ва халалдор сохтани муносиботи дӯстонаи Русияву Тоҷикистон мешуморад. «Ман аз номи ҷомеаи Русия ба хешовандону наздикони кушташуда изҳори ҳамдардӣ намуда, умедворам, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар муносибат ба ин таҳдиди ҷинояткорон сабру таҳаммул пеша хоҳад кард», - гуфта мешавад дар иттилоия.

Тибқи маълумоти борҳо интишорнамудаи ВАО-и гуногун, аз оғози соли равон дар қаламрави Русия беш аз 600 нафар шаҳрванди Тоҷикистон фавтидааст, ки беш аз 80 нафари онҳо дар аксари маврид аз ҷониби гурӯҳҳои миллатгаро бо бераҳмии махсусу ваҳшиёна кушта шудаанд. Ба иттилои сомонаи интернетии migrant . tj , то 16-уми декабри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 324 ҷасади муҳоҷирони меҳнатии тоҷик оварда шуд.

Бо ҳамин ҳавопаймо ҷасади дигар, ҷасади Расул Ватаниеви бадахшии 32 сола низ   аз Маскав ба Душанбе оварда шудааст. Ватаниев дар вилояти Свердлов аз зарби корд ҷон додааст.