Душанбе. 13-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки фаъолияти чанде қабл мамнӯъ эъломгаштаи равияи «Салафия» ба амнияти кишвар хатари ҷиддӣ эҷод месозад. «Ҳарчанд салафияҳо ба ҳеҷ амали ғайриқонунӣ даст назада бошанд ҳам, вале дар муддати начандон зиёди фаъолият онҳо тавонистанд корҳои таблиғотиро хуб ба роҳ монанд», - гуфт ӯ.
Додситони кулл зикр кард, ки салафияҳову ваҳҳобиҳо мақсади ягона доранд, ки он сарнагун кардани сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. «Ғайр аз ин, мо рӯйдодҳои солҳои аввали 90-уми асри гузаштаро ба хубӣ дар ёд дорем, ки он замон ваҳҳобиҳо дар Кӯлоб нисбати ҳамдигар мухолифат барпо карданд ва он оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ оварда расонд», - гуфт Б.Бобохонов.
Ғайр аз ин, додситони кулл ҷонибдорони ҷараёни «Салафия»-ро ба он гунаҳкор сохт, ки «онҳо барои ба вуҷуд омадани амали авбошона баҳона эҷод месозанд» ва ҳамчунин «ҳангоми адои намоз дар масоҷид бо ҳаракатҳои гуногун ва фарёд намозхонони дигарро безобита месозанд».



Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста