Душанбе. 17-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Дар қаламрави Тоҷикистон фаъолияти созмони хайрияи
German
Alliance
Mission
мамнӯъ эълон гардид.
Тавре сардори Раёсати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии Вазорати адлияи ҶТ Давлат Сулаймонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, даъвои вазорат, ки ба додгоҳи ноҳияи исмоили Сомонӣ пешниҳод гардида буд, рӯзи 12-уми феврал қонеъ карда шуд.
Д.Сулаймонов мегӯяд, зимни санҷиши созмони мазкур моҳияти динӣ доштани самти фаъолияти он ошкор гардид ва муаяйян карда шуд, ки кормандони созмон дар истироҳатгоҳҳои ташкилкардаи тобистона барои кӯдакону наврасон ва дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ арзишҳои мазҳаби христианиро фаъолона таблиғу ташвиқ менамуданд. «Ҳамин тариқ, онҳо фаъолияти оинномавии худро риоя накарданд ва бо такя бар ин асос мо ба додгоҳ даъво пешниҳод сохтем», - гуфт ӯ.
Тибқи маълумоти Вазорати адлия, намояндагии созмони хайрияи
German
Alliance
Mission
дар қаламрави кишвар муддати 10 сол аст, ки фаъолият дошт. Аз эҳтимол дур нест, ки намояндагони созмон қарори додгоҳро ҷиҳати таҷдиди назар ба марҳилаи кассатсионӣ ирсол хоҳанд дошт.



Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста