Душанбе. 10-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Қочоқбарони афғон роҳи нави интиқоли маводи мухадирро ба Русия пайдо карданд. Тибқи маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, роҳи мазкур аз кишварҳои Шарқи Миёна оғоз гардида, сипас ба Украинаву Қафқоз ва аз он ҷо то истеъмолгарони рус мерасад.
Имрӯз сардори ситоди агентии мазкур Фахриддин Ҷонмаҳмадов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки соли ахир як қатор чунин далелҳо ошкор карда шуда, тамоили мазкур дар ҳоли афзоиш аст. «Соли равон низ дар Афғонистон ҳосили баланди маводи мухаддир пешгӯӣ мешавад», - гуфт ӯ.
Тибқи маълумоти Раёсати СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, ҳарчанд дар минтақаи шимоли Афғонистон коҳиши заминҳои кишти кӯкнор ба мушоҳида расида бошад ҳам, то ҳанӯз ин кишвар дар истеҳсоли маводи мухаддир пешсаф аст.
Муовини директори агентӣ Бунафша Одинаева ҳозиринро бо вазъи мубориза бо маводи мухаддир, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвари ҳамсоя пешниҳод гардидааст, шинос намуда, гуфт, мақомоти марбутаи Афғонистон ҷиҳати мубориза бо қочоқбарон кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. «Соли гузашта мақомоти дахлдори ин кишвар ҳудуди 300 тонна ҳашиш, наздики 280 тонна афюн, 2 тонна ҳероин, 97 кило морфин, 11 ҳазор литр ва 36 ҳазор кило прекурсорҳои гуногун ва ҳамчунин миқдори зиёди воситаҳои алоқаи навтарин ва 60 ҳазор муҳимотро мусодира кардаанд», - гуфт ӯ.
Б.Одинаева афзуд, тибқи навиштаҷот дар номгӯи маҳсулот, прекурсорҳо (маводи кимиёвӣ барои истифодаи ҳероин) ба Афғонистон аз кишварҳои Эрон, Покистон ва Чин ворид карда мешаванд.



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста