Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон фаъолияти яке аз созмонҳои пурқуввати тундгарои исломӣ бо номи «Ҷамоаи таблиғ» ба мушоҳида расидааст, ки дар кишварҳои Малайзия, Индонезия, Филиппин ва чанде аз давлатҳои арабу Африқои Шимолӣ фаъолона амал мекунад.

Имрӯз вазири умури дохилии ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров изҳор дошт, ки нимаи моҳи апрел дар яке аз масҷидҳои шаҳри Душанбе 124 нафар пайравони ин гурӯҳи мазҳабӣ боздошт шудаанд. «Аксари онҳо пас аз пурсиш ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, нисбат ба 4 нафари онон, ки дар Ҳиндустону Аморати Муттаҳидаи Араб таҳсили махсус касб кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз гардид», - гуфт вазир.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.