Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз сарвари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Шерхон Салимзода дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки баҳри иҷрои супориши сарвари давлат, ки дар паёми солонааш ба парлумони ҷумҳурӣ садо дод, агентӣ истифодаи мақсадноки воситаҳои давлатӣ дар вазорату идораҳоро мавриди санҷиш қарор хоҳад дод.

Ш.Салимзода гуфт, ба хароҷоти маблағҳо баҳри харидории воситаҳои нақлиёт, сохтмон, таъмир ва дигар хароҷоти пешбинишуда ба вазорату идораҳо таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда мешавад. «Ба кормандони агентӣ супориш дода шудааст, ки маҳз чунин моддаҳои хароҷотро дақиқ бисанҷанд», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Ш.Салимзода, чунин санҷишҳо дар тамоми вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар корхонаву муассисаҳое, ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, баргузор хоҳанд шуд.