Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Чанд рӯз қабл муовини сарвари кулли КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки занону духтарони тоҷике, ки дар мамолики араб дар ғуломӣ ба сар мебаранд, ба он ҷо аз кишварҳои дигар ворид мегарданд, зеро дар Тоҷикистон ба занону духтарони синну соли то 30-сола сафар ба ин кишварҳо бидуни ҳамроҳии наздиконашон манъ карда шудааст. «Чораи мазкур бо мақсади пешгирии харидуфурӯши ғайриқонунии занону духтарон, ки дар ҷаҳон аз рӯи даромад пас аз қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир ба ҷойи саввум баромадааст, роҳандозӣ гардид», - гуфт ӯ.

            Ба гуфтаи А.Иброҳимов, тайи соли ахир чанде аз ин занону духтарон аз асорати ғуломӣ озод гардида, гутфаанд, ки аз шаҳрҳои Маскав, Бишкек ё Алмаато ба ин кишварҳо раҳсипор шудаанд.

            Ҳамасола дар саросари дунё аз 600 ҳазор то 4 млн. нафар занону духтарон мавриди харидуфурӯши ғайриқонунӣ қарор мегиранд.