Душанбе. 20 апрел. «Азия-Плюс» - | Муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Саидхон Чурахонов рӯзи чоршанбе, 20 апрел, зимни нишасти матбуотӣ хабари муттаҳам шудани писари Додгоҳи олӣ, Фарҳод Абдуллоеви 25 сола дар рух додани садамаи нақлиётӣ, ки марги як нафарро ба думбол дошт, таъийд кард.

Сардори раёсати тафтишоти ВКД ҶТ Муҳаммади Муҳҳамадиев хабар дод, ки 12 апрел соати 23 шаб дар канори шаҳри Душанбе Фарҳод Абдуллоев бо мошини тамғаи BMW  шаҳрванди Чинро пахш намудааст.

«Нисбати Фарҳод Абдуллоев парванди ҷиноӣ аз рӯи моддаи 212 (Вайрон кардани қоидаи ҳаракати нақлиёт ва истифодабарии воситаи нақлиёт)- и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон боз шудааст. Тафтишоти ин қазия идома дорад»,- афзуд Муҳаммадиев.

«Мувофиқи қонунгузории кишвар, нафари дар садамаи нақлиётӣ айбдоршаванда боздошт карда намешавад», - изҳор дошт Ҷурахонов.