Душанбе. 27 апрел. «Азия-Плюс» - | Корманди Вазорати маорифи Тоҷикистон дар сохтани номаҳои камоли қалбакӣ гумонбар мешавад.
Тавре ба «АП» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттило доданд, Ҷамолиддин Шарипови 30 сола ба ҳангоми адои вазифа дар вазорати маориф ба ҳайси мутахассиси пешбари шӯъбаи кадрҳо бо директори яке аз макотиби пойтахт ва муовни ӯ мувофиқа кардааст.
«Аз моҳи январи соли 2009 то августи соли 2010 Шарипов 1 ҳазору 165 номаи камоли тақаллубӣ, бар ивази 5 ҳазор сомонӣ сохтааст», - хабар медиҳад манбаъ.
Дар робита ба ин амал парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.
Тибқи маълумоти Оҷонсии мубориза бо фасод ва назорати моликияти давлатии Тоҷикистон, бахши маориф яке аз самтҳои фасодзадаи кишвар маҳсуб мегардад. Аксаран масъулони соҳаи маориф бо ҷурми ришваситонӣ, суйистифода аз мансаб, сохтани ҳуччатҳои тақаллубӣ боздошт карда мешаванд.
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон анҷом дода шуд
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста