Душанбе. 10-уми май. «Азия-Плюс» — | Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи инсони СММ шикояти инфиродии Темур Тошевро нисбат ба бародараш Маҳмадрӯзӣ Искандаров алайҳи ҳукуматдорони Тоҷикистон бобати нақзи ҳуқуқҳои ӯ, ки дар Муоҳидаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (минбаъд Муоҳида) пешбинӣ шудаанд, баррасӣ кард.

Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» директори Фонди ҷамъиятии «Нотабене» Нигина Баҳриева, ки аз таҷрибаи ҳамкорӣ бо сохторҳои дифоъ аз ҳуқуқи СММ бахубӣ бархӯрдор аст, хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар шикоят ба амалҳои ғайриқонунии дар Маскав боздоштан ва ба Тоҷикистон интиқол додани Искандаров ва ҳамчунин дар Кумитаи амнияти миллӣ муддати 10 рӯз ғайриқонунӣ нигоҳ доштани ӯ ишора рафтааст, ки ба моддаи 9-и Муоҳида, ки ҳуқуқ ба озодӣ ва дахолатнопазирии шахсро танзим мекунад, мухолиф аст. Ҳамчунин тасдиқ мегардад, ки дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ комилан ҷудонигоҳдории Искандаров муддати 10 рӯз пас аз интиқол аз Русия, ки дар он ҷо ба ӯ танҳо нону об медоданд ва ҳамчунин таъмин накардани нигоҳубини тиббии бояду шояд ҳангоми беморӣ, муносибати бераҳмонаро ифода мекунад. «Искандаров ҳамчунин аз нақзи ҳуқуқ ба мурофиаи адолатноки судӣ низ шикоят кард, зеро ба ақидаи ӯ, додгоҳ баррасии беғаразонаи парвандаро таъмин карда натавонист: ба дархостҳои адвокатҳо аз ҷониби додрас таваҷҷӯҳ зоҳир намегардид, дастрасии айбдоршаванда ба адвокатҳо маҳдуд гардида буд ва ҳамчунин ба мурофиаи судӣ шоҳидони ҳимоя, ки ба исботи бегуноҳии ӯ кӯмак расонида метавонистанд, даъват ва бозпурсӣ нашудаанд», - хабар медиҳад Баҳриева бо истинод ба Кумитаи СММ.

Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи инсон чандин маротиба ба ҳукуматдорони Тоҷикистон барои гирифтани назари онҳо оид ба масоили қобили қабул будани маълумоти мазкур ва нақзҳои дар шикоят ишорашуда муроҷиат намудааст, вале посух дастрас накардааст. Аз ин рӯ, Кумита зимни баррасии шикоят ба маълумоти дар он зикршуда такя кардааст.

Бо натиҷагирӣ аз баррасӣ Кумита ба Тоҷикистон тавсия дод, ки Искандаровро бо воситаи пурсамари ҳимояи ҳуқуқӣ, аз чумла фавран озод кардан ё таъини  мурофиаи такрории додгоҳӣ бо тамоми кафолати дар Муоҳида зикршуда таъмин созад. Ҳамчунин давлат ӯҳдадор карда шудааст, ки мутобиқи андозаи ҳуқуқҳои нақзшуда ҷубронпулӣ пардохт кунад.

 Тоҷикистон узви Муоҳидаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва ҳамчунин Протоколи факултативӣ ба Муоҳида аз 4-уми апрели соли 1999 мебошад ва аз замони узвият шахсони таҳти доираи ҳуқуқи Тоҷикистон қарордошта ҳуқуқ доранд, ки ба Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи инсони СММ бобати нақзи ин ҳуқуқҳо, ки дар Муоҳида зикр ёфтаанд, шикоят баранд.  То моҳи апрели соли 2011 дар Кумита 22 шикоят нисбат ба Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Қарори мазкур ҳуҷҷати дуввуми мақомоти байнулмилалӣ ва минтақавӣ оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон нисбати парвандаи Маҳмадрӯзӣ Искандаров мебошад. Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли 2010 Додгоҳи Аврупо оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон шикояти Искандаров нисбат ба ҳукумати Русия дар бораи нақзи ҳуқуқҳои ӯро, ки ба истирдоди ӯ ба Тоҷикистон ифода меёбаду дар он ҷо ӯро шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва ҳамчунин мурофиаи беадолатонаи додгоҳӣ интизор буда метавонад,  баррасӣ карда буд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Маҳмадрӯзӣ Искандаров яке аз қумондонҳои саҳроии маъруфи Иттиҳоди мухолифини тоҷик ба шумор мерафт. Пас аз истиқрори сулҳ ӯ нахуст ба вазифаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва баъди гузашти чанд сол роҳбари корхонаи «Тоҷикгаз» таъин гардида буд, аммо минбаъд Искандаров, ки Ҳизби демократии Тоҷикистонро сарварӣ мекард, ба мухолифин пайваст.

Соли 2004 Додситонии кулли ҷумҳурӣ Маҳмадрӯзӣ Исканадровро ба роҳзанӣ (бандитизм), терроризм, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ва дигар ҷиноёт муттаҳам кард. Пас аз ин Искадаров Русияро макони зист ихтиёр намуда, баъди чанде бо дархости Душанбе дар он ҷо ба ҳабс гирифта шуд. Маҳбус ба яке аз додгоҳҳои Маскав шикояти апеллятсионӣ бурда, ҳамчунин ба ҳукуматдорони Русия бо дархости паноҳгоҳи сиёсӣ додан муроҷиат кард. Моҳи апрели соли 2005 ӯ бо қарори суд аз маҳбас озод карда шуд.

Чанде баъд пас аз озодӣ Маҳмадрӯзи Искандаров, ки дар вилояти Маскав ба сар мебурд, боздошт ва тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон мунтақил гардид. Додгоҳи Олии Тоҷикистон ӯро ба муддати 23 соли зиндон маҳкум кард.