Дар яке аз ноҳияҳои ВМКБ баҳси тӯлонӣ миёни ташкилоти барқрасон ва истеъмолагрони нерӯи барқ ба даъвои судӣ дар ҳаҷми 1 млн. сомонӣ табдил шуд.

Гуруҳи вакилони маҷлиси маҳаллии ноҳияи Рӯшони ВМКБ барои ҳифзи шаъну эътибор ва бо талаби ҷуброни хисороти маънавӣ дар ҳаҷми 1 млн. сомонӣ (беш аз 222 ҳазор $) аз болои интихобкунандагони худ ба суд шикоят бурданд. Ҷавобгар раиси шӯрои маҳаллии деҳаи Шучанди ноҳияи Рӯшон Ғуломшо Ватанов ва боз 10 нафар сокинони маҳаллӣ низ ҳамҷавобгари ӯ мебошанд.

Даъвои мазкур пас аз арзу шикояти сершумори як гурӯҳ сокинони деҳаи Шучанд ба мақомоти дахлдор бобати ба фиреб машғул будани мақомоти раҳбарии шабакаҳои барқии ноҳия ва бо истифода аз зиёданависӣ барои истифодаи барқ маблағи аз меъёр зиёд гирифтани онҳо пешниҳод гардид.

Худи ҷавобгар Ғуломшо Ватаншоев дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки аҳолӣ танҳо хотима бахшидан ба чунин таҷрибаеро дархост дорад, ки дар он бидуни санҷиши нишондиҳандаҳои ҳисобкунаки барқ ба ҳар як истеъмолгари ҷудогона киловаттҳои зиёдатӣ навишта мешавад. «Ҳамчунин дархост дорем, ки маблағи пулии ғайриқонунӣ аз мо гирифта баргардонида шуда, шахсони ба ин таҷриба роҳдода ба масъулият кашида шаванд», - гуфт вай.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки пас аз арзу шикояти онҳо санҷишҳои прокурорӣ доир гардида, далелҳои дар онҳо ҷойдошта тасдиқ шудаанд.

Дар посух раиси комплекси минтақавӣ-энергетикии ноҳияи Рӯшон, вакили маҷлиси маҳаллӣ Раззоқ Давроншоев ва чанде аз ҳамтоҳои вакили ӯ дар бораи ҳифзи шаъну эътибор даъво пешниҳод карданд. Дар даъво онҳо аз ҷавобгар ва ҳамроҳони ӯ ба сифати ҷуброни маънавӣ рӯёнидани 1 млн. сомонӣ маблағро дархост намуданд.

Директори генералии ширкати Помирэнержи» Далер Ҷумъаев дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз қазияи мазкур огоҳ буданашро тасдиқ намуда, чунин ибрози андеша кард: «Ман чунин мешуморам, ки ин ҷо сухан на сари тақаллубкориҳои иқтисодӣ, балки сари мушкилоти техникии қаблан дар бахши энергетикии ноҳия ҷойдошта меравад. Гап сари он аст, ки ҳисобкунакҳои барқии пешина ба меъёр ҷавобгӯ набуданд ва маблағи истифодаи барқ тибқи иқтидори таҷҳизоти барқӣ ҳисоб карда мешуд. Айни замон бинобар сабаби бо ҳисобкунакҳои нави барқӣ таъмин намудани тамоми истеъмолгарони барқи деҳаи Шучанд, ин мушкилот ҳал гардид. Перомуни киловаттҳои зиёдатие, ки дар ариза бобати  қариб 3 ҳазор киловатт будани он сухан меравад, гуфтаниам, ки истеъмолгарон маблағи онро ҳеҷ гоҳ пардохт накардаанд ва соли гузашта мо онро тасҳеҳ намудем».

Ба гуфтаи ӯ, дарвоқеъ муддати тамоми соли гузашта прокуратура тамоми далелҳои дар ариза ҷойдоштаро мавриди санҷиш қарор дода, дар ниҳояти кор маводро ба суди ноҳияи Рӯшон супорид ва суд пас аз баррасӣ бинобар мавҷуд набудани ваҷҳу далелҳо, маводро боз ба прокуратура баргардонид. «Айни замон Давроншоев дар вазифаи пешинаи худ ба кор идома дода, яке аз менеҷерҳои беҳтарини ширкати мо мебошад», - афзуд Ҷумъаев.