Хуҷанд. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Сардори муассисаи сукунатии ЯС-3/11-и шаҳри Хуҷанд зимни ришваситонӣ бо далели шайъӣ дастгир карда шуд.

Чӣ тавре ки ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти додситонии вилояти Суғд хабар доданд, дар мақомоти мазкур аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 319, қ. 4-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора бо тамаъҷӯйӣ) нисбат ба сардори муассисаи сукунатӣ Ғуломалӣ Пӯлодов парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

К.Х. ба ҷурми даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба муддати 4 соли зиндон маҳкум гардида буд. Дар таърихи 29-уми декабри соли 2009 ӯ аз зиндон ба муассисаи сукунатӣ гузаронида шуда, мебоист рӯзи 2-юми ноябри соли 2011 озод карда шавад. Ба иттилои манбаъ, сардори муассиса бо ваъдаи пеш аз мӯҳлат озод кардани маҳкумшуда ҳар дафъа аз ӯ маблағи пулӣ талаб мекардааст. «Бо гузашти ҳар даҳ рӯзе сардори муассисаи сукунатӣ аз К.Х. дар ҳаҷми аз 200 то 500 сомонӣ маблағи пулӣ тамаъ мекардааст», - гуфтанд дар мақомоти додситонӣ.

Дигар косаи сабри маҳкумшуда лабрез гардида, рӯзи 1-уми июни соли равон ӯ аз ин ҳодиса ба мақомоти додситонии вилоти Суғд хабар медиҳад. «Рӯзи дигар зимни тамаъҷӯйии навбатӣ, яъне гирифтани 1 тонна семент барои сохтмони манзили зисташ Ғуломалӣ Пӯлодов аз ҷониби кормандони мақомот боздошт гардида, аз рӯйи ин далел корҳои тафтишотӣ идома доранд», - изҳор дошт манбаъ.

Бино ба маълумоти мақомоти додситонии вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ кормандони додситонии вилоят 5 далели ришваситонӣ аз ҷониби шахсони мансабдорро ошкор сохтаанд.