Хуҷанд. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Корманди шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ҳангоми ришваситонӣ бо далели шайъӣ боздошт гардид.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, мақомоти додситонии ноҳияи Спитамен рӯзи 14-уми июни соли ҷорӣ нисбат ба хазинадор-муҳосиби шӯъбаи зикршуда, сокини маҳаллӣ Абдувалӣ Ҷумъаеви 28-сола мутобиқи моддаҳои 32, қ. 2 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят) ва 319, қ. 1 (Гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. «Ӯ ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 700 сомонӣ аз соҳибкори маҳаллӣ барои рӯйпӯш сохтани қонуншиканиҳо ва ҷаримабандӣ накардан бо далели шайъӣ дастгир карда шуд», - гуфтанд дар раёсат.

Бино ба маълумоти мақомоти доситонии вилояти Суғд, дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ аз рӯйи далели порагирӣ аз ҷониби шахсони мансабдор 11 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.