Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Пас аз анҷоми вохӯриии дастаҳои футболи лигаи олии мамлакат – «ССКА-Помир» (Душанбе) ва «Равшан» (Кӯлоб) дар шаҳри Душанбе, ки бо ҳисоби 1 ба 3 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт, мухлисон ба беназмиву бетартибҳои оммавӣ даст заданд.
Баъди анҷоми вохӯрӣ дар варзишоҳи дастаи «ССКА-Помир» (Политехникум) садҳо нафар аз мухлисон тавассути кӯчаҳои Ҷомиву Борбад ба маркази шахр раҳсипор шуданд.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» шоҳидони ҳодиса хабар доданд, мухлисон дар роҳ ба шикастани шишаҳои автомашинаҳо ва сангпартоӣ ба манзилҳои гирду атроф оғоз кардаанд. «Кормандони милиса дар якчанд ҷой кӯшиш карданд, ки издиҳомро боздошта, пароканда кунанд, вале ин ба онҳо то расидани қувваҳои иловагӣ даст надод», - мегӯяд яке аз шоҳидони воқеъа.
Танҳо бо расидани нерӯҳои иловагии Вазорати корҳои дохилӣ муяссар шуд, ки издиҳом боздошта шавад. Даҳҳо нафар роҳи гурезро пеш гирифта, даҳҳо нафари дигар боздошт шуданд.
Бар асари муқобилати мухлисон шишаҳои тирезаи яке аз автомашинаҳои «Газел»-и кормандони милиса пора гардид.
Тибқи баъзе маълумот, пас аз анҷоми амалиёт вазири корҳои дохилии кишвар Абдураҳим Қаҳҳоров ба ҷойи ҳодиса рафтааст.
Дар ҳамин ҳол, то ҳанӯз намояндагони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз шарҳи расмии ҷузъиёти ҳодисаи мазкур худдорӣ мекунанд
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар вохӯрии дастаи «Равшан» бо тими «Истиқлол»-и Душанбе дар Кӯлоб низ бетартибиҳои оммавӣ ба вуқӯъ пайваста буданд. Шоми 14-уми июн пас аз анҷоми вохӯрии дастахои футболи «Равшан» ва «Истиқлол» дар шаҳри Кӯлоб як гурӯҳи иборат аз 100 нафар мухлисон дар кӯчаи 1-уми Май ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ оғоз намуда, кормандони милисаро ҳақорату дашном ва ба сӯйи онҳо сангпартоӣ карданд. Сарфи назар аз огоҳии кормандони милиса, онҳо ба аъмоли авбошонаи худ идома доданд. Барои пароканда сохтани онҳо кормандони милисаро лозим омад, ки аз воситаи махсус – бастаҳои тарканда истифода кунанд, аммо бо ин ҳам авбошон ором нагардида, муддати 30 дақиқаи дигар ба шикастану оинаву харобсозии автомашинаҳои назди варзишгоҳ гуошташуда пардохтанд. Дар маҷмӯъ, бар асари ин бетартибиҳо 16 тан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона мунтақил шуданд ва 13 нафари онҳо пас аз расонидани кӯмаки аввали тиббӣ ба хонаҳояшон раҳсипор гардида, 3 тан аз ҷароҳат бардоштагон дар беморхона бистарӣ шуданд. Аз рӯйи ин далел 14 нафар аз ҷониби мақомот боздошт шуданд.
Дар акс: Мухлисони дастаи «Равшан» дар варзишгоҳи Кӯлоб




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста