Душанбе. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Ба далели бетартибиҳои оммавие, ки пас аз вохӯрии дастахои фтуболи «ССКА-Помир» (Душанбе) ва «Равшан» (Кӯлоб) дар пойтахт ба вуқӯъ пайвастанд, 40 нафар боздошт ва мутобиқи моддаи «Авбошӣ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори сарситоди Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Тоҳир Норматов хабар дод, шоми дирӯз пас аз анҷоми вохӯрии дастаҳои «ССКА-Помир» ва «Равшан», ки бо ҳисоби 2 бар 3 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт, мухлисон ба кӯча баромада, роҳи гузарро бастаанд. «Онҳо ба талаби кормандони милиса бобати кушодани роҳ аҳамият надода, ба шикастани шишаҳои тирезаҳои автомашинаҳои дар наздикиҳо қарордошта оғоз намуданд», - гуфт ӯ.
Т.Норматов мегӯяд, ҳаҷми зарар он қадр зиёд набуд, шишаҳои тирезаи пеши се автомашинаи дар наздикии варзишгоҳи «Политехникум» қарордошта шикаста шуданд. «Дигар зарар ва ҷабридидагон ба қайд гирифта нашудаанд», - таъкид сохт номбурда.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар ҳодисаи ба вуқӯъ пайвастани беназмиҳо мухлисони дастаи «Равшан» даст доранд. Аз рӯйи ин далел тафтишот идома дорад.
Акс аз саҳифаи дасти футболи «Равшан» дар Facebook




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста