Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Қӯрғонтеппа як шаҳрванди Афғонистон бо миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддир боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ –ҷустуҷӯйи дар таърихи 29-уми июни соли ҷорӣ кормандони мақомот ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди 22-солаи Афғонистонро боздошт мекунанд. «Ҳангоми кофтуков аз ӯ 4 бастаи дорои беш аз 40 кило маводи мухаддир – 16 кило героин ва зиёда аз 24 кило маводи мухаддири навъи дигар дарёфт ва мусодира крада шуд», - гуфтанд дар вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ, соли равон кормандони вазорат аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 1 тоннаву 300 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 169 кило героин, 700 кило афюн ва зиёда аз 1 тоннаву 59 кило маводи нашъаовари гурӯҳи каннабисро мусодира намудаанд. Дар маҷмӯъ аз 510 кӯшиши муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ шудааст, ки дар 12 ҳолати он шаҳрвандони Афғонистон ҳузур доранд.