Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — |Дар ҳодисаи пурсарусадои ғоратгарӣ дар шаҳри Маскав нисбат ба панҷ шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз гардида, 12 нафари дигар дар фурсатҳои назди ба ватан истирдод мешаванд.
Перомуни ин ҳодиса ҷузъиёти тоза рӯйи кор омадаанд, ки аз фарзияи васоити ахбори умумии Русия тафовут доранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар дод, дар воқеъ шаби 3-юми июл кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар қаламрави корхонаи «Гидропривод» 19 нафарро боздошт намуданд, ки бо тахди силоҳ маҳсулоти истеҳсоли Чинро аз анбори иҷораи ҶДММ «Алфаро» дуздиданӣ буданд. Худи ҳамон шаб «раҳнамо»-и гурӯҳ шахсе бо лақаби «Мигел» низ дастгир мешавад.
Миёни боздоштшудагон шаҳрвандони бекори Озарбойҷон А.Гасимов, Русия – О. Давришев, Арманистон Ш.Мстоян бо лақаби «Мигел» ва 17 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштаанд.
Гуфта мешавад, аз боздоштшудагон як норинҷаки худсохт, 1 таппончаи ҷароҳатдеҳи «Оса» бо шаш тир, як корд ва ниқобҳо дарёфт ва мусодира шудаанд. Ҳамчунин аз ду нафар дастгиршудагон ба миқдори 2,9 грамм маводи мухаддири героин дарёфт шудааст.
Аз рӯйи далели ғоратгарӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Маскав парвандаи ҷиноӣ боз намуда, пас аз 72 соати боздошт ба шаҳрванди Озарбойҷон А.Гасимов, Арманистон – Мстоян ва панҷ нафар шаҳрванди Тоҷикистон – Д.Аббосов, М.Субомнулов, Б.Гадоев, М.Назиров ва Х.Қаландарзода бо ин ҷурм айб пешниҳод шудааст.
«Боқимонда 12 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, яъне ба ҳодисаи ғоратгарӣ ҳеҷ муносибате надошта, дар фурсати наздик ба ватан истирдод мегарданд», - таъкид сохт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки перомуни ин ҳодиса васоити ахбори умуми Русия иттилоъ дода буданд, ки 19 нафар тоҷикон ба ғорати анбори воқеъ дар қаламрави корхонаи «Гидропривод» даст зада, бо якчанд таппончаву норинҷак ва кордҳои ҷангӣ мусаллаҳ будаанд. Тибқи фарзияи ВАО-и Русия, ҳайати гурӯҳи ҷиноятпеша иборат аз 20 нафар ва пешвои онҳо шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон будааст, ки дар олами ҷиноӣ бо лақаби «Мир» маъруф будааст.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста