Қарорҳои судии қабулшуда дар Тоҷикистон бинобар аксаран иҷро нашудан ба имиҷи «ҳокимияти сеюм» зарар меоранд. Дар ин бора иштирокчиёни мизи мудаввар таҳти унвони «Дифоъ аз ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон зимни иҷрои қарорҳои судӣ», ки рӯзи 26-уми август дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Марказ оид ба дифоъ аз ҳуқуқи инсон доир гардид, изҳори назар карданд.

Ба гуфтаи таҳлилгари Марази мазкур Зебо Қосимова, ҳангоми иҷро нагардидани қарор исудии ҳукми қонунӣ гирифта моҳияти адолати судӣ таҳриф шуда, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои аз ҷониби қонун ҳимояшудаи шаҳрвандон ғайриимкон мегардад.

Ӯ қайд кард, ки дар таҷриба аксари баҳсҳо нисбат ба масоили иҷро нагардидани қарорҳои судӣ дар бораи рӯёнидани алимент, ба манзили зист соҳиб шудан ва ҳамчунин ҷуброни хисороти моддиву маънавӣ барои расонидани зарар ба саломатӣ ба вуҷуд меоянд.

«Шаҳрвандон бо душвориҳои зиёде ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъ меоранд, ба ҳимоягарон барои таҳияи аризаи даъвогӣ маблағ пардохт менамоянд, барои пешниҳоди он ба суд муддатҳои зиёде навбатпойӣ мекунанд, ба қабули қарори одилона аз ҷониби давлат ноил мегарданд, вале бо гирифтани варақаҳои иҷро, солҳои тӯлонӣ иҷрои қарорҳои судиро интизорӣ мекашанд», - гуфт Зебо Қосимова.

Дар бораи мавҷудияти чунин мушкилот рӯзи 21-уми апрел дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе вазири адлияи кишвар Бахтиёр Худоёров низ хотирррасон намуда, эътироф карда буд, ки «имрӯз дар Тоҷикистон далелҳои ба муддати зиёд тӯл кашидани иҷрои қарорҳои судӣ ҷой доранд.» «Мо мавҷудияти чунин мушкилотро рад намекунем ё онро пинҳон доштанӣ ҳам нестем ва ҷиҳати беҳбуди фаъолият дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида истодаем», - гуфта буд ӯ.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони Суди Олӣ, Шӯрои адлия, Прокуратураи генералӣ, ВКД, ҳайати мушовараи адвокатҳо ва ҳамчунин намояндагони созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байнулмилалӣ ширкат варзиданд. «Мутаассифона, дар ин чорабинӣ намояндагони Вазорати адлияи ҷумҳурӣ иштирок надоштанд ва бояд гуфт, ки аксари ин мушкилот ва посухи суолҳои ҷойдошта оид ба ин масоил маҳз ба ин сохтор дахл дошт», - таъкид кард Қосимова.

Таҳлилгари Маркази дифоъ аз ҳуқуқи инсон бар ин назар аст, ки мушкилоти ба иҷро нарасидани қарорҳои судӣ ё дигар мақомот на танҳо ба виҷдону масъулият ва малакаи кории иҷрокунандагони судӣ а қарздорон, балки ба ҷой доштани мухолифатҳо дар меъёрҳои қонунгузорӣ дар бораи истеҳсолоти иҷро низ вобаста аст.

Дар робита ба ин масъала судяи Суди Олии ҶТ Тоҳир Қодиров қайд кард, ки ба моддаи 4-и Қонуни ҶТ «Дар бораи истеҳсолои иҷро» (мақомоти иҷрои маҷбурӣ) ворид сохтани тағйирот зарур аст, то ки мутобиқи он иҷрои санадҳои судӣ на ба дӯши судяҳо, балки ба ӯҳдаи иҷрокунандагони судӣ вогузор гардад. Ба қавли ӯ, ҳалли ин масъала ба иҷрои саривақтӣ ва бояду шояди асноди судӣ мусоидат мекунад.

Иштирокчиёни мизи мудаввар зикр намуданд, ки то ҳанӯз дар Тоҷикистон ба мушкилоти иҷрои қарорҳои судӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои мавриди иҷро қароргирифта таваҷҷӯҳи бояду шояд зоҳир намегардад. Ба ақидаи онҳо, аз то кадом андоза саривақт ва босифат иҷро гардидани қарорҳои судӣ сатҳи эътимоди шаҳрвандон ва тамоми ҷомеа ба маросими судӣ ҳамчун воситаи ҳифзи ҳуқуҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон муайян карда мешавад.

Аз рӯйи натоиҷи чорабинии мазкур як қатор тавсияҳо таҳия шуданд. Аз ҷумла, тавсия гардид, ки таҳияи механизми мушаххаси иҷрои қарорҳои судӣ зарур буда, мебояд ба Қонуни ҶТ «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» тағйироту илова ворид кард. Ҳамчунин такмили сатҳи дониши иҷрокунандагони судӣ низ зарур буда, барои пешгирӣ аз зиёдатии қонуну дастурҳо, мебояд Кодекси ягона дар бораи истеҳсолоти иҷроро таҳия намуд ва барои ҷилавгирӣ аз мушкилоти пардохти алимент таҳияву коркарди Кодекси мурофиавии оилавӣ мувофиқи мақсад аст.