Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз як кӯшиши ба хориҷи кишвар интиқол додани маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и агентии мазкур хабар доданд, дар фурудгоҳи пойтахт зимни азназаргузаронии бағочи мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав ба гумони даст доштан дар интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ба хориҷи кишвар шаҳрванди қаблан маҳкумшуда, сокини 35-солаи шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз дар озмоишгоҳ аз меъдаи ӯ 133 бастаи селлофании дорои беш аз 700 грамм героин берун оварда шудааст.

Гуфта мешавад, аз- рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, боздоштшуда дар тавқифгоҳи агентӣ нигоҳдорӣ мешавад.