Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон миқдори зиёди маводи мухаддири афюн ва гурӯҳи каннабис мусодира гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар натиҷаи як амалиёти муваффақона ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини маҳаллӣ К.В. боздошт шудааст.
«Зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи Mersedes, таҳти идораи боздоштшуда қарор дошт, кормандони милиса бастаҳои дорои ҳудуди 27 кило маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ва 7 кило афюнро дарёфт ва мусодира намуданд», - гуфтанд дар вазорат.
Бино ба иттилои манбаъ, вазни умумии маводи мухаддири мусодирашуда ҳудуди 34 килоро ташкил додаст. «Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад», - афзуд сарчашма.
Дар зарфи 8 моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаву 152 кило маводи мухаддир мусодира гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 31,5% бештар аст.




Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми соли 2024 дода буд, иҷро нашуд ва чаро?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
СММ ду қатъномаи Тоҷикистон дар бораи “Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ” ва “Ҳифзи пиряхҳо”-ро пазируфт
Аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз қаҳрамонии бокси ҷаҳон. Муштзанҳои тоҷик аз Дубай бо ду медал бармегарданд
Воридоти чӯбу тахта ба Тоҷикистон афзуд. Аз нисф зиёди он аз Русия оварда мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста