Парвандаи Исмон Бобоев, ки якуним сол пеш ҳангоми бозпурсӣ дар Раёсати минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд ба ҳалокат расид, то ҳанӯз мавриди тафтиш қарор нагирифтааст.

Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» падари марҳум Ҷӯрабой Бобоев изҳор кард, ки аз муроҷиатҳои ӯ ба мақомоти гуногун ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст. Ҳамаи мактубҳои ӯ ба Прокуратураи генералӣ фиристода мешаванд. Моҳи майи соли равон ӯ бо мактуби навбатӣ ба президент муроҷиат кардааст, лекин ин нома ҳам ба Прокуратураи генералӣ ирсол шудааст.

Бори охир ӯ ба прокуратура моҳи июни соли ҷорӣ муроҷиат кардааст. Ҳамчунин муроҷиатҳои ӯ ба Русия, ки Исмон Бобоев шаҳрванди он мебошад, бенатиҷа мондаанд. Падари марҳум ба Прокуратураи генералии ФР, губернатори вилояти Курск, ки писраш он ҷо иқомат дошт, президенти Русия низ муроҷиат намудааст. Посух як буд – ҳамаи муроҷиатҳо ҷиҳати баррасӣ ба Прокуратураи генералии ҶТ фиристода мешданд.

«Ман умед доштам, ки аққалан ҳукуматдорони Русия аз шаҳрванди худ пуштибонӣ мекунанд, вале онҳо низ таваҷҷӯҳе зоҳир насохтанд, вале ман то замоне, ки гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд, мубориза хоҳам бурд. Агар масъала дар ин ҷо роҳи ҳалли худро пайдо накунад, ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат хоҳам кард», - мегӯяд вай.

Исмон Бобоев моҳи феврали соли 2010 дар бинои Раёсати минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд ба ҳалокат расид. Ташхиси нахустини судиву тиббӣ ба чунин хулоса расид, ки ӯ бар асари асфиксияи механикӣ, дар натиҷаи ба дохил фурӯ рафтани забон ҳалок шудааст. Вале баъди якуним моҳ ҷасад аз қабр бароварда шуда, коршиносон пас аз ташхиси дубора ба хулоса омаданд, ки ӯ аз зарбаи барқ ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи Ҷ.Бобоев, ин гувоҳи он аст, ки ҳангоми бозпурси ба тани писари ӯ ноқили барқӣ мегузоштаанд. Аз рӯйи ин далел прокуратураи вилояти Суғд парвандаи ҷиноӣ боз кард, вале бо сабабҳои номаълум он мутаваққиф гардид.