Дар ноҳияи Ҷиргатол волидайни сарбоз тавассути пулу мол фарзандашонро аз хизмати ҳарбӣ озод карданӣ шуда, мавриди фиреби як қаллоб қарор гирифтанд.
Тавре аз суди ноҳияи мазкур ва қисми низомии 0741-и мустақар дар ноҳияи Ҷиргатол хабар доданд, сарбози навдаъватшуда Душанов Эмомалӣ дар кисми ҳарбии 0741, воқеъ дар ноҳияи Ҷиргатол деҳаи Чалған» ба адои хизмати Ватан машгул буд.
Боре шаҳрванд Холназаров Холиқназар аз шаҳри Душанбе ба хонаи истиқоматии падари сарбоз Душанов Шералӣ меҳмон шуда, гапро аз он сар кард, ки бо командирони писари онҳо ошнои наздик асту метавонад фарзанди онҳоро аз хизмат озод намояд. Ӯ ба боварии волидон даромада аз онҳо 1 сар гӯсфанд ва 300 долларро гирифта ваъда мекунад, ки писарашонро аз хизмат озод менамояд. Пас аз чанде Холназаров дубора ба манзили Душанов омада аз ҳамсари аскар - Тӯйчиева Наврӯзмох як адад телефони мобилии Нокиа ва магнитофони (музыкальный центр) 400 доллариро барои ин кор тасарруф менамояд.
Боварии наздикони аскарбачаро дида Холназарон ба кирдори худ идома медиҳад. Аз Душанов Шералӣ автомашинаи сабукрави рақами давлатиаш АХ 06-02 РТ 01-ро, ҳамчун «қурбонӣ» дар роҳи озод намудани фарзандашон гирифта, ба сардори ситоди қисми ҳарбии мазкур Холов Т. ба таври ғайриқонунӣ ба маблағи 3000 доллар мефурӯшад. «Наҷотдиҳанда» маблағи мазкурро барои эҳтиёҷоти шахсиаш истифода намуда ба Федератсияи Россия рахти сафар мебандад. Дар маҷмӯъ Холназаров ба ҷабрдидагон Душановхо ба маблағи 13 ҳазору 800 сомонӣ зарари моддӣ мерасонад.
Дар ниҳояти кор волидони аскарбача фиреб хӯрданашонро фаҳмида, аз болои Холназаров ба суд муроҷиат менамоянд.
Холназаров Холиқназар аз оқибати амалаш тарсида, як қисми пулро аз Федаратсияи Россия равон намуда, автомашинаро ба соҳибаш бармегардонад.
Вале суд баробари ба ҷумҳурӣ ҳозир шуданаш парвандаи Холназаровро боз намуда, пас аз ҷуброни зарарҳои расонидааш бо дастрасии моддахои 3332, 337, 348 КМҶ Тоҷикистон ва моддаи 247, қисми «а» КҶ Тоҷикистон ба маблағи 31 хазору 920 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима таъин кард.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста