Оид ба далели задухӯрд миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки шоми 11-уми октябр дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайваст, парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Русия, қазияи мазкур таҳти назорати ҷиддии сафорат қарор дошта, тамоми ҷузъиёти он пас аз тафтишоти пешакӣ манзури ҳамагон хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, дар задухӯрд тақрибан 20 нафар аз ду ҷониб ширкат варзида, бар асари он ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – Х.Зубайдуллоеви 27-сола ва И.Қурбонови 32-сола осеб диданд, ки айни замон дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Маскав бистарианд. «Вазъи саломатии онҳоро табибон қаноатбахш мешуморанд», - гуфтанд дар сафоратхона.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки шоми11-уми октябр дар натиҷаи задухӯрд миёни гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатии тоҷику ӯзбек дар шаҳри Маскав 4 нафар осеб дида, бо осори зарби корд ба беморхона мунтақил шуданд.



Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста