Дар вилояти Хатлон иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир ва роҳбари шӯъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ҳамин шӯъба ба ҳабс гирифта шуданд.
Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки мақомоти додситонии вилояти Хатлон нисбат ба иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қумсангир Нуриддин Наботов ва сардори шӯъбаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқоннии маводи мухаддири ҳамин ноҳия Муҳаммад Шарифов мутобиқи моддаҳои 319, қ. 4 (Гирифтани пора), 316, қ . 3 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ва 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.
Манбаъ дар бораи маҳз ба кадом гуноҳ гумонбар шудани боздоштшудагон чизе нагуфт, лекин моддаҳои пешниҳодшудаи Кодекси ҷиноии ҶТ худ гувоҳи ҳоланд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, пас аз ҳабси ин ду нафар аз сокинони маҳал як қатор шикоятҳо дар бораи онҳо ворид шудаанд.
Тафтишоти парвандаи мазкурро Додситонии кулли ҷумҳурӣ ба ӯҳда гирифтааст.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста