Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ нисбат ба мудири шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳия Намозалӣ Соҳибов тибқи моддаи 129-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Табиб дар номатлуб иҷро кардани вазифаҳои хидматии худ гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев иттилоъ дод,  аризаи шикоятии сокини ҳамин ноҳия Ҳаким Миралиеви 51-сола ба боз кардани парвандаи ҷиноӣ боис шуд.

«Миралиев мегӯяд, писари 13-солаи ӯ Давлатшо, ки аз кафи пояш ҷароҳат бардошта буд, бинобар ёрии таъҷилии тиббӣ нарасонидани та биб ба ҳалокат расидааст, - гуфтанд дар Вазорати корҳои дохилӣ. – Ба гуфтаи падари Давлатшо, табиб ҳатто ба ҷойи захмхӯрда йод ҳам намолидааст».

Дар сурати исботи гуноҳи табиб, ба ӯ аз панҷ то ҳафт соли маҳрумият аз озодӣ ва манъи машғул шудан ба табобат ба муддати то панҷ сол таҳдид мекунад. Айни замон аз рӯйи ин далел корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.