Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар натиҷаи баргузории як амалиёти вижа аз ҳодисаи интиқоли миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддири афғонӣ аз қаламрави Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва сипас ба Қазоқистону Русия ҷилавгирӣ намуданд. Ба фаъолияти гурӯҳи фаромиллии ҷиноятпешаи машғул ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хотима бахшида шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ Нозирҷон Бӯриев хабар дод, дар ҷараёни амалиёт дар рустои Коммунаи ҷамоати Первомайи ноҳияи Турсунзода, ки бо Ӯзбекистон ҳаммарз аст, дар манзили зисти яке аз сокинони он пинҳонгоҳе дарёфт гардид, ки дар он 233 кило маводи мухаддири афюни тайёр барои интиқол ба Ӯзбекистон мавҷуд буд.
«Ба гумони даст доштан дар ин амал чор нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ва ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд», - гуфт ӯ.
Н. Бӯриев афзуд, нисбат ба боздоштшудагон мутобиқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
“Моро дуруст фаҳмед”, “Бахилӣ накунед” ё “Вазирони қатор аз паси президент”. Нуктаҳои муҳим ва берун аз матни паёми имсола
Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст
Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд
Тоҷикистон кай расман ба Созмони ҷаҳонии бокс шомил мешавад?
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста