Тафтиши парвандаи ҷиноӣ оид ба марги табиби саратоншинос Хуршед Бобокалонов, ки рӯзи 27-уми июни соли 2009 пас аз боздошти кормандони милиса дар шаҳри Душанбе дар вазъу ҳолати номуайян ба ҳалокат расида буд, дубора барқарор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, Прокуратураи генералии ҶТ қарор дар бораи қатъи парвандаи ҷиноӣ оид ба марги Бобокалоновро бекор намудааст.

«Айни замон пас аз дубора барқарор кардани тафтиши парванда амалҳои тафтишотӣ идома доранд», - гуфт Холматова. Ин хабарро ба ОИ «Азия-Плюс» дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ тасдиқ карданд.

Ёдрас мекунем, ки мудири қабулгоҳи Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ Хуршед Бобокалонов рӯзи 27-уми июни соли 2009 пас аз боздошти кормандони милиса ба ҳалокат расид.

Ба гуфаи дӯстони ӯ, он шом ӯ барои тамрин ба толори варзишӣ ва сипас бо онҳо ба қаҳвахона рафтааст. Тахминан соатҳои 22:30 дақиқа ӯ ба кӯча баромада, таксӣ нигоҳ доштанӣ мешавад. Ин замон ба назди ӯ кормандони милиса омада, талаб мекунанд, ки чизҳои дохили сумкаи варзишиашро нишон диҳад. Бобокалонов ин талабро рад мекунад ва дар натиҷа миёни онҳо ҷанҷол мехезад. Баъд аз ин кормандони милдиса табибро бо зӯрӣ дохили автомашина карда, ба шӯъбаи милиса мебаранд. Дар он ҷо маълум мешавад, ки ӯ фавтидааст.

Тибқи фарзияи расмии ВКД, табиб дар роҳ бар асари «бемории дил ва маҳкам шудани роҳҳои нафаскашӣ ба ҳалокат расидааст».

Дар ҳамин ҳол, хешовандони фавтида чандин маротиба изҳор карданд, ки дар ҷисми ӯ асари хунравиҳо ба мушоҳида расида, ӯ дар натиҷаи латукӯби бераҳмонаи кормандони милиса ҳалок шудааст.