Константин Рибалов, адвокати Рустам Ҳукумов, писари раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов, бегуноҳ эътироф карда шуда, дар робита ба даст надоштан дар содир намудани ҷиноят озод карда шудааст.

Ҷаноби Рибалов дар веблоги худ хабар додааст, ки рӯзи 28 декабри гузашта ҷаласаи президиуми Суди вилояти Маскав доир гардида, дар он шикоят нисбат ба дифоъ аз Р.Ҳукумов баррасӣ гардидааст.

Дар таърихи 15-уми сентябри соли 2010 Р.Ҳукумов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 228-и Кодекси ҷиноии Русия гунаҳкор дониста шуда, аз ҷониби суди шаҳри Щелково ба мӯҳлати 9,5 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд.

Аммо қаблан номи Рустам Ҳукумов баъд аз қазияи зиндонӣ шудани халабонони русу эстонӣ дар Тоҷикистон дар аввали моҳи ноябр вирди забонҳо гардид. Он замон бархе аз нашрияҳои Русия навишта буданд, ки бо ҳабси халабонон Тоҷикистон ба Маскав фишор оварданист, то ин ки Рустам Ҳукумов озод карда шавад. Русия бознигарии парвандаи халабононро талаб карда, пас аз чанде Владимир Садовничий ва Алексей Руденок, ки ба 8,5 соли зиндон маҳкум шуда буданд, бо истифода аз қонуни афв ва мӯҳлати дар боздоштгоҳ қарор доштанашон озод карда шуданд.

Рустам Ҳукумов шаҳрванди Русия мебошад. Моҳи июни соли 2008 Р.Ҳукумов ва се нафар ҳаммаслаконашро бо 9 кило героини афғонӣ дар вилояти Маскав боздошт намуданд. Тафтишот муддати 2 сол идома ёфта, ӯро ҳамчун созмондеҳ ба муддати 9 соли зиндон маҳкум карданд. Тавре суд муайян карда буд, Ҳукумов аз шахси номаълум героинро гирифтааст. Маводи мухаддир ба Русия тавассути роҳи оҳан интиқол дода шудааст.

Адвокат менависад, аъзои президиум пас аз шунидани далели ҷонибҳо ва машварат якдилона ба чунин хулоса расиданд, ки ҳукм нисбати Р.Хукумов дар асоси тахмину гумонҳо содир шудааст ва ҳамин тариқ, гуноҳи ӯ дар ҷараёни тафтишот исботи худро наёфтааст.

«Бо қарори президиуми суди вилояти Маскав дар робита ба даст надоштани Р.Ҳукумов дар содир намудани ҷиноят ҳукм нисбати ӯ бекор ва ҷавобгарии ҷиноӣ қатъ сохта шуд. Аз ин карор ман хеле хурсанд шудам, зеро дар давоми тамоми мудддати ҳимоя медонистам, ки Р.Ҳакимов бегуноҳ аст», - менависад адвокати Р.Ҳукумов.

«Бархе аз рӯзноманигорону сиёсамадорон ин парвандаи ҷиноиро ба қазияи маҳкум шудани халабонони русу эстонӣ дар Тоҷикистон рабт медиҳанд, ки ин албатта, ба воқеият рост намеояд, зеро ман ҳанӯз аз соли 2010 аз болои ҳукм нисбат ба Р.Ҳукумов ба мақомоти гуногун шикоят бурдам ва дар ниҳояти кор то истеҳсолоти назоратии Суди олии Русия расидам. Дар ин ҷо шикояти маро асоснок шуморида, истеҳсолоти назоратӣ оғоз карданд ва шикоятро барои моҳиятан баррасӣ намудан ба  президиуми суди вилояти Маскав супурданд. Ҳамаи ин амалҳо аз ҷониби ҳимоя хеле пештар аз оғози парвандаи халабонон сурат гирифта буд ва бешубҳа, ҷиҳати роҳандозии ин амалҳо ман аз мақомоти давлатии Русияву Тоҷикистон ҳеҷ дастуре нагирифтаам», - таъкид месозад Рибалов.