Сокини 38-солаи вилояти Суғд, падари 9 нафар фарзанд Маҳмадвосеъ Амонов барои қатли бераҳмонаи ҳамсари худ ба муддати 24 соли зиндон маҳкум шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур, судяи суди вилоятӣ Ҳабибулло Мирбобоев хабар дод, Амонов дар қатли ҳамсар ва кӯшиши қатли зани дуюмаш гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 24 соли зиндон бо мусодираи амвол ва адои ҷазо дар зиндони низомаш шадид маҳкум карда шудааст.

Мирбобоев зикр кард, ки дар таърихи 23-юми сентябри соли 2011 бинобар сабаби ҷанҷолу нофаҳмӣ миёни ду занаш, Амонов дар ҳузури писари ноболиғаш зани якумашро бо чанд зарбаи корд ба ҳалокат мерасонад. «Сипас ба зани дуюм ҳамла оварда, ӯро низ чанд корд мезанад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Ҳамсояҳо зани ҷароҳатбардоштаро ба бемористон мебаранд ва хушбахтона, ӯ бо осори захми 9 зарбаи корд наҷот меёбад», - гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки Амонов аз зани якум соҳиби 6 нафар ва аз зани дуюм соҳиби 3 нафар  фарзандони ноболиғ аст.

Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, соли гузашта дар минтақаи шимоли кишвар 41 далели куштор, аз ҷумла 9 ҳоисаи кӯшиши ба қатл расонидан ба қайд гирифта шудааст.