Дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ду нафар шаҳрвандон барои машғул будан ба таълимоти ғайриқонунии динӣ боздошт шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд хабар доданд, яке аз онҳо сокини бекори ҷамоати Чоркӯҳ Холиқ Яъқубов бидуни иҷозатномаи дахлдор ба 13 нафар ноболиғон, толибилмони синфҳои 3-10 аз асосҳои дин дарс мегуфтааст.

«Далелҳои шайъӣ, ки асосан аз адабиёти динӣ иборатанд, мусодира шуда, омӯзгор боздошт шуд», - гуфтанд дар раёсат

Ба иттилои манбаъ, чанде қабл ҳамчунин сокини дигари ҷамоати Чоркӯҳ Фурқат Иброҳимови 31-сола низ ба чунин иттиҳом боздошт гардидааст. «Ӯ дар манзили шахсии худ ба таълими динии шаш нафар кӯдакони соли таваллуди 2005-2007 машғул будааст», - гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо мутобиқи моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (риоя накардани қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»)-и ҶТ парвандаҳои маъмурӣ боз гардида, ба суди шаҳри Исфара супурда шуданд.