Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар ришваситонӣ узви комиссияи ҷумҳуриявии рафъи оқибати офатҳои табиӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои вилояти Хатлон Рустам Бобоев боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси суди шаҳри Кӯлоб Аслам Холов хабар дод, Р.Бобоев ба ришваситонӣ дар ҳаҷми 500 доллари ИМА гумонбар дониста шуда, нисбати ин амали ӯ дар шӯъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар минтақаи Кӯлоб мутобиқи моддаи 319-и КҶ ҶТ (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Муайян карда шуд, ки боздоштшуда аз сокини шаҳри Кӯлоб бо ваъдаи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзили зист 500 доллари ИМА пора гирифтааст», - гуфт А.Холов.

Ёдрас мекунем, ки барои осебдидагони шаҳри Кӯлоб аз офати табиӣ дар моҳҳои апрел-майи соли 2010 бо дастгирии тамоми корхонаву ташкилотҳои дохил ва хориҷи кишвар 615 адад манзили зист сохта шуда, садҳо тан аз осебдидагон соҳиби қитъаи замин шуданд. Дар масъалаи таъминот бо манзили зист ва қитъаи замин як қатор нофаҳмиҳо рух дода, дар 7 ҳолат кор то ба баррасии суд расид.