Дар ҷараёни амалиёти навбатии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира гардид.

Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, ҳангоми баргузории амалиёт дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ як сокини 41-солаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бо 22 кило маводи мухаддир мавриди боздошт қарор гирифт.

«Аз ин мард дар як борхалтаи варзишӣ  12 бастаи дорои маводи мухаддири растанинасаб ва хокамонанд бо бӯи махсус ошкор ва мусодира намуданд. Лабораторияи ташхиси судии Агентӣ муайян кард, ки маводи мусодирашуда дар маҷмӯъ 22  кило буда, беш аз 2 килои он героин ва ҳудудан 20 килои боқимондаро ҳашиш ташкил медиҳад.  Бастаҳои пур аз героин дорои мӯҳр ва навиштаҷот бо хати арабиасос буданд», - гуфтанд дар агентӣ.

Зикр гардид, ки аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200, қ. 4 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш дар ҳаҷми ниҳоят калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дастгиршуда ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии Агентӣ ворид карда шуд.

«Тафтишоти пешакӣ  мушаххас кард, ки марди гумонбар оиладор ва соҳиби се фарзанд буда, қаблан ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашуда будааст», - афзуд манбаъ.