Дар фурудгоҳи Душанбе аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи мухаддир ба Русия ҷилавгирӣ шуд.

Тавре аз Хадамоти гумрук хабар доданд, кормандон ҳангоми санҷиши гумрукии бағочи мусофирони хатсайри самти Душанбе-Маскав ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Ш.Г.-и 24-соларо боздошт намудаанд.

«Зимни кофткови шахсии мусофир аз кисаи ӯ як бастаи селлофании дорои 550 грамм маводи мухаддири героин дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфт манбаъ.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи қазия ба дӯши прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ вогузор шудааст.