Муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба порагирӣ гумонбар дониста мешавад.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванд Шоҳназаров Абдуллоҷон Раҳмонназаровичи 44-сола, сокини кӯчаи Фирдавсӣ, муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ дастгир карда шудааст, ки ӯ бо маслиҳати пешакӣ бо мансабдори комиссариати ҳарбии ноҳияи А.Ҷомӣ ва қисми ҳарбии 45045 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 600-доллари амрикоӣ пора гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ бо роҳи сохтакорӣ ба номи шаҳрванд Раҳмонов Азиз Раҳматуллоевич соли таваллудаш 1985, сокини кӯчаи Ҷ.Расулов билети ҳарбии қалбакӣ оиди аз тарафи комиссариати ҳарбии ноҳияи А.Ҷомӣ ба хизмати ҳарбӣ аз 14.04.с.2006 даъват шуданаш ва дар мӯҳлати ду сол хизмати ҳарбиро дар қисми ҳарбии 45045 Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намуданаш тайёр карда дода, ӯро аз хизмати ҳарбӣ ғайриқонунӣ озод кардааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, зери тафтиш қарор дорад.