Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳлатҳои зиёд маҳкум шуданд, ки миёни онҳо писари генерали милиса Ҳабибулло Маҷидов низ ҳузур дорад.

Чанде қабл суди гарнизони вилояти Хатлон баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Маҳмадулло Маҷидов (писари генерали милиса Ҳабибулло Маҷидов), Хуршед Раҳимов (писари собиқ ронандаи сафорати Тоҷикистон дар Русия) ва хизматчии ҳарбии нерӯҳои марзбонӣ прапоршик Зиёвуддин Шарифовро ба анҷом расонид. Моҳи январи соли равон шахсони зикршуда бо миқдори зиёди маводи нашъаовар дастгир шуда буданд.

Суд Маҳмадулло Маҷидов ва Хуршед Раҳимовро ба муддати 14 солӣ ва Зиёвуддин Шариповро ба муддати 20 соли зиндон маҳкум намуд.

Маҳкумшудагон Маҳмадулло Маҷидов ва Хуршед Раҳимов гуноҳи худро ба дӯш нагирифта, изҳор карданд, ки муфаттишони Раёсати кумитаи амнияти миллӣ онҳоро аз 12 то 19-уми январ зӯран дар кабинетҳои худ нигоҳ дошта, тавассути латукӯб ва рафтори дағалона онҳоро маҷбур кардаанд, ки гуноҳро эътироф намоянд.

Раиси мурофиаи судя Тоҳир Искандаров зимни қироати ҳукм эълон дошт, ки шикояти маҳкумшудагон собит нагардида, айби судшавандагон бошад, пурра исбот шудааст.

Дар ҳамин ҳол, барои роҳ додан ба камбудиҳо судя нисбат ба гурӯҳи тафтишотӣ таъиноти ҷудогона содир кард, ки ба прокуратураи вилояти Хатлон ва Прокуратураи генералӣ фиристода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки 10-уми январи соли равон дар ҷараёни амалиёти махсус дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадулло Маҷидов, мулаққаб ба «Меҳрубон», писари генерал-майори милиса, сардори воҳиди махсуси БДА-и ҷумҳурӣ Ҳабибулло Маҷидов, писари ронандаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Хуршед Раҳимов ва хизматчии ҳарбии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Зиёвуддин Шарифов боздошт шудаанд.

Ба нафари чоруми ин гурӯҳ муяссар шуда буд, ки аз ҷойи содир намудани ҷиноят паноҳ барад ва ӯ Нурулло Одинаев, писари генерал-майори мустаъфӣ Ҳикматулло Одинаев аст. Айни замон Нурулло Одинаев мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Айбдоршавандагон ҳангоми интиқоли ҳудуди 110 кило маводи мухаддир аз минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ боздошт шуда буданд.