Соли равон кормандони Агентии стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи вилояти Суғд ба маблағи умумии беш аз 428 ҳазор сомонӣ зиёда аз 23 тонна маҳсулоти пастсифатро ошкор карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маркази матбуоти «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд Маҳкамбой Каримов хабар дод, маҳсулот пастсифат зимни санҷиш дар марказҳои тиҷоративу бозорҳо ошкор гардида, тамоми маҳсулоти мусодирашуда нобуд карда шудааст.

«Аз оғози сол ба шуъбаи Агентии «Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд 26 нафар истеъмолгарон дар борани нақзи ҳуқуқашон бо арзу шикоят муроҷиат намуда, тамоми шикоятҳои мавриди баррасӣ ва ба манфиати шаҳрвандон ҳал карда шуданд», - гуфт М.Каримов.

Директори маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон Икромиддин Валиев гуфт, соли равон шумори истеъмолгарони фиребхӯрда аз ҷониби соҳибкорон дар вилояти Хатлон 53 нафарро ташкил додааст. «Чунин қонуншиканиҳо бештар дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишворӣ ба вуқӯъ мепайванданд, зеро дар он ҷо фурӯшандагон натанҳо маводи сӯзишвориро камтар медиҳанд, балки ба он боз чизҳои дигареро ҳам омехта месозанд», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи И.Валиев, дар нимсолаи аввали соли равон дар вилояти Хатлон 53 далели риоя накардани ҳуқуқҳои истеъмолгарон ба қайд гирифта шуда, қонуншиканон ҷаримабандӣ шудаанд.