Зимни нишасти хабарӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки дар парвандаи собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва соҳибкор Низомхон Ҷӯраев ҳолатҳои нав пайдо шудаанд.

«Бо дархости Ҷӯраев, ки ба ин ӯ ҳуқуқ дорад, мо тафтиши ҳуҷҷатгузории муҳосибӣ дар як қатор  иншооти ба ӯ мутаалииқро таъин намудем. То ҳанӯз натиҷаҳои тафтишот дастрас нашудаанд», - гуфт ӯ ва парвандаи Ҷӯраев ва ҳаммаслакони ӯро «яке аз душвортарин парвандаҳо номид, ки тафтишоти он муддати як сола идома дорад».

Саидов хотиррасон намуд, ки пас аз бозгашти Низомхон Ҷӯраев аз Маскав тафтишоти парвандаи мазкур идома ёфта, дар ҷараёни он чанде аз мансабдорон ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб ва ба ҳабс гирифта шуданд. «Миёни онҳо собиқ корманди Прокуратураи генералӣ Рустам Олимов (айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи ҷиноии бародарони Ҷӯраев – Толиб ва Фахриддин Ҷӯраевҳо), адвокати бародари Ҷӯраев Бердиқул Расулов ва собиқ корманди Агентии зиддифасод, собиқ сардори шуъбаи Раёсати мубориза зидди ҷинояткории муташаккили ВКД Саидаҳтам Мудинов ҳузур доранд.

«Ғайр аз ин, нисбат ба собиқ муовини прокурори нақлиёт Шермат Нуров (соли 2009 – прокурори ноҳияи Восеъ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ӯ таҳти баёнот дар мавриди тарк накардани маҳалли сукунат қарор дорад. Ҳафтаи гузашта судяи Суди олии ҶТ Нур Нуров (солҳои 2008-2009 – судяи мурофиаи судӣ нисбат ба 33 нафар сокинони Исфара дар робита ба парвандаи Ҷӯраев) бо пешниҳоди президент аз мансаб сабукдӯш гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд. Собиқ сардори шуъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд Очил Очилов, ки он замон ба ҳайси муовини сардори гурӯҳи фаврии тафтишотӣ ифои вазифа мекард, низ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, айни замон дар хориҷи кишвар паноҳ бурдааст ва ӯ то ҳол ба пайгарди қонунӣ эълон нашудааст», - номбар кард Саидов.