Муфаттиши Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди шаҳри Хуҷанд хабар доданд, суд муфаттиши Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Набӣ Ҳомидови 25-соларо дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 200, қ. 3, банди «г»и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон) гунаҳкор эътироф кард.

«Набӣ Ҳомидов ба 8 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маҳкум карда шуд», - гуфтанд дар суд.

Ба иттилои манбаъ, маҳкумшуда моҳи сентябри соли равон зимни баргузории амалиёти махсус бо харидори шартӣ боздошт шудааст. «Он замон аз ӯ беш аз 5,5 кило маводи мухаддири афюн дарёфт ва мусодира гардида буд», - афзуд сарчашмаи хабар.